(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Гузари «Заргарон» баъди 40 сол таъмир мешавадДар баробари таъмиру азнавсозии кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои шаҳр, таъмири гузару тангкӯчаҳои маҳаллаҳои маркази вилоят идома дорад.
Аз субҳи барвақт сокинони кӯчаи Давронбек Аҳмадбеков ҳама якдилона барои иштирок дар ҳашар ҷамъ омада буданд. Кӯчаи мазкур яке аз гузарҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд буда, байни сокинони шаҳр он бо номи гузари «Заргарон» маъмул аст.
Дар ин кӯча 90 ҳавлӣ ва 130 оила зиндагӣ мекунанд.
Ва инак баъди 40 сол дар кӯчаи онҳо таъмири роҳ ва мумфаршкунӣ оғоз ёфт.
Ба муносибати ифтитоҳи корҳои асфалтхобонӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба кӯчаи мазкур омада бо роҳсозон, бошандагон ва фаъолони маҳалла сӯҳбат намуд. «Дар асоси дастуру ҳидояти Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, имсол низ баробари таъмири роҳҳои асосӣ  кӯчаҳои дохили маҳаллаҳои шаҳр идома дода шуда истодааст. Мо ният дорем, бо истифодаи захираҳои дохилӣ, ҷалби соҳибкорон ва худи мардум марҳила ба марҳила кӯчаҳои шаҳрро аз таъмир барорем.»
Роҳсозон ният доранд давоми ду рӯз тамоми 360 метри кӯчаи мазкурро аз таъмири куллии хушсифат бароранд.
Корҳои мумфаршкуниро Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд ба зима гирифта, дар ин кор бошандагони кӯча фаъолона иштирок  менамоянд.