(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр кӯдакони имконияташон маҳдудро аёдат намуд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи муҳофизати кӯдакон ба ёдати чанде аз кӯдакони имконияташон маҳдуд рафт.
Қаблан Раиси шаҳр ба аёдати Муҳаммадшариф Исломов рафт.
Муҳаммадшарифи 10 сола сола бо душворӣ сухан мегӯяд ва иллати шунавоӣ низ дорад.
Номбурда аз ташрифи Раиси шаҳр ба манзилаш изҳори хурсандӣ намуда, бо шавқмандии зиёд тӯҳфаҳои Раиси шаҳрро қабул намуд. Волидайнаш бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки айни замон ӯ хонандаи синфи сеюми мактаб-парваришгоҳи махсуси ёрирасони шаҳр аст. Ба таҳсилу хониш шавқу таваҷҷӯҳ дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз холи кӯдакони имконяташон маҳдуд Амирҷон Юнусов, оилаи Раҳматовҳо, ки фарзандони  маюбро тарбия менамоянд рафта таъкид намуд, ки этибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагӣ ва шароити кӯдакони имконияташон ба таври доимӣ буда, мақомоти маҳаллӣ ҳамеша барои иҷро намудани дастуру супоришҳои сарвари давлат фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Ҳангоми аёдати духтараки маюби гурӯҳи як Моҳира Азимова  волидайнаш аз Раиси шаҳри Хуҷанд барои мусоидати муолиҷа ва зери назорат гирифтани таъмини иҷтимоии фарзандашонро дархост намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба мутасаддиёни мақомоти маҳаллӣ вобаста ба иҷроиши ин дархост супориш дод.
Ҳамчунин дар назди бинои истиқоматии оилаи аёдатшуда, гуфтугӯи Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони он сурат гирифт. Бошандагон барои тариқи ҳашар бунёд намудани майдончаи варзишӣ, майдончаи шуғли кӯдакон ва ташкили нуқтаи иловагии партов аз шаҳрдорӣ кӯмак хостанд.
Доири масалаи дархостгашта, Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд,ки барои бунёди майдончаҳои варзишӣ ва кӯдакона аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ саҳм гузошта мешавад.