(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз зиёда аз 40 нафар шаҳрвандонро қабул намуд.
Аз ҷумлаи муроҷиаткунандагон  8 нафар барои  дастрас намудани масолеҳи сохтмон, 8 нафар барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 3 нафарӣ барои мусоидат намудан ба муолиҷаи ройгон, бо ҷойи корӣ таъмин намудан ва расондани кӯмаки моддӣ дархост намуданд.
Соҳибкори инфиродӣ Савриниссо Пӯлотова давоми се соли охир коргоҳи хурдро ташкил намуда, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашиканро ба роҳ мондааст.
Соҳибкорзан барои зиёд намудани иқтидори коргоҳ ва зиёд намудани номгӯи маҳсулот аз Раиси шаҳри Хуҷанд барои ҷудо намудани замин кӯмак хост. Номбурда ҳамчунин қайд намуд, ки дар сурати мусбӣ ҳал гаштани ин дархост имкон дорад, сехи хурди коркарди меваро бо ҷалби занони хонашин  ташкил намояд. Раҷаббой Аҳмадзода ба мутасаддиёни шӯъбаи меъморию шаҳрсозӣ, саноат ва идораи заминсозӣ супориш дод,ки тибқи санадҳои ҳукуқии кишвар барои ҳалли мусбии дархост дар мӯҳлати кӯтоҳтарин мусоидат намоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баъди ҷамбасти қисмати аввали рӯзи қабули шаҳрвандон ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастур дод, ки доири таҳлили натиҷаҳои муроҷиати шаҳрвандон, таҳлили истифодаи мақсадноки заминҳои барои фаъолитяи соҳибкорӣ пешбинишуда чораҳо андешанд.