(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)


Сабқати «Дили кӯдаконро наҷот диҳед!» оғоз ёфт.

Дар беморхонаи №1 шаҳри Хуҷанд сабқати хайриявӣ бо унвони «Дили кӯдаконро наҷот диҳед» оғоз гардид.

Бахшида ба доир гаштани ин амали нек бо иштироки роҳбарони тамоми муассисаҳои тиббӣ, корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ ва ҷамъиятӣ ҳамоиши ботантана баргузор гардид.

Максади баргузори ин сабқати хайриявӣ кӯмак намудан барои ҷарроҳии кӯдакони гирифтори бемории мураккаби дилу шараён буда, он бори нахуст доир мегардад.

Назар ба маълумоти масъулини соҳаи тандурустӣ дар вилояти Суғд 1311 нафар кӯдак бо бемории дил дар қайди муассисаҳои тиббӣ қарор дошта, танҳо соли 2014, 125 кӯдак бо бемории иллати кори дил дошта таваллуд шудааст.

Бо кӯмаки Хазинаи хайривӣ «Дили кӯдак» 75 нафар кӯдак дар Маркази ҷарроҳии дилу шараёни ба номи Бакулеви шаҳри Москва ҷарроҳӣ шуда, соли равон бошад 10 нафар кӯдак баъди ҷарроҳӣ амалиётӣ табобат ёфт.

Лозим ба ёдоварист,ки барои гузаронидани ҷарроҳии бемории мураккаби дил ба ҳар як бемор бо ҳисоби миёна 5 ҳазор доллари ИМА масраф мегардад.

Ҳамзамон барои такмили ихтисоси ду нафар табибони соҳа бо кӯмаки хазинаи номбурда дар Маркази ҷарроҳии дилу шараёни шаҳри Москва имконият фароҳам оварда мешавад.

Дар сабқат тамоми хоҳишмандон ширкат намуда минбаъд низ кӯмаки худро барои солимии кӯдакон расонда метавонанд.