(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонИроаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат оғоз ёфт.
Ба ин муносибат дар толори бузурги Кохи Ваҳдат роҳбарияти парлумон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, ширкатҳои фаъолу соҳибнуфузи хусусӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигарон, дар маҷмӯъ зиёда аз 1250 нафар ҷамъ омаданд.

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонДар он ҳамчунин, Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода, раисони шаҳру навоҳии вилоят, бахусус, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ҳузур доштанд.