(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ободии кӯчаҳо ободии шаҳр аст.Ободии кӯчаю хиёбонҳо ва кӯчаҳои маҳаллаҳои маркази вилоят рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад.
Имрӯз дар кӯчаи ба номи К. Калинников мумфаршкунии кӯча оғоз гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози корҳои мумфаршкунии ин кӯча шахсан ширкат намуда, бо фаъолон ва кормандони ташкилоту муассисаҳое,ки дар кӯчаи мазкур қарор доранд мулоқот намуд.
«Тамоми корҳои ободонӣ дар маркази вилоят маҳз дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ амалӣ мегардад.
То имрӯз 6 километри роҳ пурра мумфарш гардида, 19 километри он аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Мо дар ин самт боз хам корҳои ободониро идома хоҳем дод.»- зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми сӯҳбат бо сокинони маҳалли мазкур.
То интихои ҳафта, рохи кӯчаи номбурда, ба масофаи 1 километр дарозӣ ва 16 метр паҳноӣ дорад пурра асфалтпӯш карда хоҳад шуд.
То интиҳои соли равон кӯчаҳои ба номи С Ҳофиз, М. Аминзода ва тангкӯчаи «Боғистон»-, ки ҳамчунин ба ҳудуди маҳаллаи ба номи Ҷ. Расулов дохил мешаванд, тарқи саҳми баробари сокинони кӯчаҳои номбурда ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пурра аз таъмири куллӣ бароварда мешавад.