(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр сарҳадбононро табрик намуд.Афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 9829 бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идонаи пуршукӯҳ баргузор намуданд.
Дар таҷлили ин иди сарҳадбонон, ки бо иштироки васеи сохтори марбута, собиқадорон, ҷанговарони байналмиллал ва ҷавонписарони мактабҳои шаҳр доир гашт, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар вилояти Суғд Ҳикматулло Пираков хозиронро бо ин рӯзи хотирмон табрик намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми ҳомиёни марзу сарҳади кишварро бо рӯзи таъсисёбии ин ниҳоди муҳими қудрати давлатӣ табрик намуда, изҳори боварӣ намуд,ки он вазифаю масъулияте,ки имрӯз давлату ҳукумат дар онҳо гузоштааст, бо сарбаландӣ ба ҷо хоҳанд овард. «Таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бо азму кӯшишҳои назарраси Раиси вилоятамон, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр бо дарки зарурӣ ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда истодаанд.»-қайд намуд дар суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд.
Дар назди ҳозирон ҳамчунин мудири шӯъбаи маъмурӣ - ҳуқуқии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидҷон Охунов баромад намуда, табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ширкаткунандагони ин ҳамоиши идона расонд.
Собиқадори хизмати ҳарбӣ, Абдуҷаббор Ҳомидов дар баробари табрики сарҳадбонон, кулли ҷавононро даъват намуд, ки барои хизмати содиқонаи ватан ҳамеша омода бошанд.
Баъди супоридани медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаю сипосномаҳо, Раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳамроҳии иштирокдорони чорабинӣ аз шароит ва таъмини иҷтимоии сарбозон шинос шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дастурхони идона ороста шуда, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ барномаи ҷолиби консертӣ намоиш доданд.