(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таъмири Маркази «Ёрии таъҷилии тиббӣ» идома дорад.Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем, баъди боздиди корӣ аз вазъи фаъолияти имрӯзаи маркази «Ёрии таъҷилии тиббӣ» аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, таъмир ва азнавсозии ин марказ, ки дар ҳудуди Беморхонаи шаҳрии № 2- ҷойгир аст, оғоз гардид.
То имрӯз қисмати асосии корҳо аз қабили бомпӯш намудани бинои марказ, азнавсозии ноқилҳои барқӣ, қумпӯш намудани деворҳо ва ғайраро ба анҷом расида, таъмигарон ният доранд дар мӯҳлати муқарраргардида корҳои таъмирро бо сифат ба анҷом расонанд.
Маблағи умумии корҳои таъмир 200 ҳазор сомониро ташкил дода, то имрӯз 60 фоизи маблағи пешбинишуда  аз худ карда шудааст.