(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altАфсарону ҳимоятгарони марзу буми Ватан!
Мӯҳтарам собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 21-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти  миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, бароятон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу менамоям.
Амнияти ҳар халқу давлат аз ҳимояи марзу буми он вобаста аст. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон ба ҳифзи сарҳадот таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекарданд. Пас аз расидан ба соҳибистиқлолӣ зарурияти дар ҷумҳурӣ таъсис додани Қувваҳои марзбонӣ ба миён омад. Ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар ба ташкилдиҳии Қӯшунҳои сарҳадӣ қадами нахустин гузошта шуд ва минбаъд дар мамлакат қувваҳои сарҳадии тобеъ ба кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфт.
Имрӯз боиси ифтихор аст, ки Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таъмини осоиштагии халқ, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми таърихӣ ва беназир мегузорад. Давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтарсозии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва шароити хизматчиёни ҳарбӣ  ҳамасола корҳои назаррасеро ба анҷом мерасонад. Имрӯз сарҳадбонон бо хизмати садоқатмандонаи худ сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя карда, оромию осоиштагии марзҳои кишварро таъмин менамоянд.
Имрӯзҳо, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рӯ ба рушд оварда, рӯзгори мардумаш обод гаштааст ва мардум шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона менигарад.
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бо азму кӯшишҳои назарраси Раиси вилоятамон, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр бо дарки зарурӣ ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда истодаанд.
Мо борҳо таъкид намудаем, ки халқи тоҷик баъди ҳазор соли маҳрумият аз давлати соҳибихтиёр маҳз дар охири асри ХХ-ум аз нав соҳиби давлати соҳибистиқлоли миллӣ гашта, ба орзуву ормони деринаи аҷдодони озодихоҳи хеш расидааст. Ин бахти бузург ва имконияти таърихӣ, яъне бунёди давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба насли имрӯза насиб гардид.
Ҳоло барои он ки ин давлат, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, мову шумо ва насли ҷавони имрӯза бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёри худ, онро самимона дӯст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоияш талош намоем. Аз ин рӯ, ҳамаи афроди низомӣ - аз сарбозони қаторӣ то афсарони олирутба ӯҳдадоранд, ки ба иҷрои вазифаи бевоситаи худ дар назди Ватан бо масъулияти фарзандӣ ва садоқату эътиқод ба халқи хеш муносибат намоянд.
Ҳамзамон таъкид бояд кард, ки ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат натанҳо қарзи сарҳадбонони Ватан, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Мо фарзанди як Ватанем, зодаю парвардаи як хокем ва хизмат намудан барои Ватани хеш ин қарзи фарзандии ҳар яки мову шумо аст.
Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба бисту якумин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон рӯзгори осуда, ободии хонадон ва хизмати бобарорро ба нафъи халқу Ватан орзу менамоям.
Идатон муборак - ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!