(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шаҳрдорӣ шароити ҷойҳои фароғатиро зери назорат дорад.

Дар фасли гармо ниёзи мардум ба мавзеҳои истроҳатию фароғатӣ бештар мегардад. Бо мақсади зиёд ва беҳтар намудани шароити  ҷойҳои истироҳатии маркази вилоят Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони муассисаҳои ободонӣ ва кабудизоркуниро вазифадор намуд, ки теъдоди нишастгоҳро дар гулгашту ҷойҳои дамгирии сокинону меҳмонони маркази вилоят зиёд намоянд.
Айни замон дар ҷойҳои фароғатӣ ва назди фаввораҳои шаҳр зиёда аз 200 нишастгоҳ гузошта шуда, давоми сол адади он боз зиёдтар карда хоҳад шуд.
Лозим ба ёдоварист,ки дар баробари он то имрӯз зиёда аз 45 ҳазор бех гули садбарг шаҳрро оро дода, муассисаи кабудизоркунии Хуҷанд тибқи ҷадвалу нақшаи кори худ, нигоҳубин ва ғизодиҳии гулҳои шаҳрро ҳамарӯза ба роҳ мондааст. Муассисаи нақлиёти санитарӣ ва партовкашонӣ бошад то имрӯз 1200 дона қуттиҳои партовро барои нигоҳдории ҳолати тозагӣ дар ҳудуди шаҳр гузоштааст, ки он барои эмин нигоҳ доштани кӯчаю хиёбон ва роҳравҳои шаҳр аз партовҷойҳои бе назорат нигоҳ дорад.