(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд бо Фёдор Емеляненко мулоқот намуд.Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Осиё оид ба санъати муҳорибаи омехта (ММА) оғоз меёбад.
Чуноне, ки мухлисони ин намуди варзиш огоҳӣ доранд, чемпиони ҷаҳон аз рӯи ин намуди варзиш Фёдор Емеляненко, чун меҳмони ифтихории ин мусобиқа рӯзи гузашта ба шаҳри Хуҷанд омад.
Нимаи аввали рӯз варзишгари номӣ Фёдор Емеляненко ва Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаронкоро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳузур пазируфт.
Ҳангоми мулоқоти самимӣ Фёдор Емеляненко ва ҳайати ҳамроҳонашро шаҳрдори Хуҷанд хайрамақдам гуфта, таъкид намуд,ки варзиш ва рушди он таҳти таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро давоми чанд соли охир дастоварди варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ бозгӯи он аст, ки аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар барои пешрафти ин соҳа эътибори хоса зоҳир мегардад. Дар шаҳри Хуҷанд бошад бунёди чандин иншоотҳои варзишӣ, теъдоди зиёди ҳаводорони варзиш аз тадбиқи ин сиёсат гувоҳӣ медиҳад.
Дар навбати худ варзишари номӣ барои пазироии самимӣ ва баргузор намудани чунин чорабиниии сатҳи баланд изхори сипосмандӣ намуда, хостори таҳкими робитаи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия гардид.
Консули генералии Россия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко дар суханрон бобати аҳамияти ин мусобиқа зикр намуда, изхори боварӣ намуд, ки давоми ду рӯзи мусобиқа он ба як маъракаи пуршукӯҳ табдил хоҳад ёфт.
Дар поёни мулоқот ба ҳайати меҳмонон тӯҳфаи хотиравӣ, китоби Хучанд тақдим гардид.
Чемпионати Осиё оид ба санъати муҳорибаи омехта (ММА) дар варзишгоҳи ба номи «20 солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хучанд давоми санаҳои 23-24 баргузор гашта дар он варзишгарони Тоҷикистон, намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ширкат хоҳанд кард.
Чемпиони чаҳоркаратаи ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаи омехта (ММА) Фёдор Емеляненко 28 сентябри соли 1976 дар Ҷумҳурии Украина таваллуд ёфта, унвони беҳтарин варзишгари ҷаҳонро дар ин намуди варзиш то соли 2000 нигоҳ доштааст.
Чемпиони ҳафткаратаи Федератсияи Россия аст.
Дар баробари ин устоди варзиши дараҷаи байналмиллалӣ буда, Устоди хизматнишондодаи варзиши Россия аст. Соҳиби ду фарзанди духтар буда, ҳамсараш Оксана Емеляненко дар кору зиндагиаш ҳамроҳаш аст.