(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Табрикоти  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони ТоҷикистонҶавонони азиз!
Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Шумоён –ворисони арзандаи миллатро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандиву хонаободӣ, рӯзгори хушу хуррам, сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои муродро таманно менамоям.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сӯи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар даврони ҷаҳонишавӣ масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонон ҳамчун неруи ояндасози миллат дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар қарор дорад. Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ қайд намудаанд:
«Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ  идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд.» Ҳамчунин, бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шуда, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама тарбия намудани насли солим, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ ва таҳким бахшидани мавқеи оила дар ҷомеа мебошад.
Итминони комил дорам, ки Шумо ҷавонони сарбаланди кишвар дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат,Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, бо ҳисси баланди масъулият иҷро намуда, дар бунёди оилаи солим саҳми арзанда мегузоред.
Соли 2015 дар вилоят «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» эълон гардидааст. Дар амалӣ шудани он Шумо ҷавонон бояд саҳми арзандаи худро гузоред.
Зарур аст, ки дар тарғибу ташвиқи анъанаву ҳунарҳои миллӣ, ҷашну маросимҳо ва либосҳои миллӣ ва дар гулзоркунии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр саҳми Шумо бояд назаррас бошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ қайд намудаанд:
«Ҷавонон ҳамчун давомдиҳанда-гони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.»
Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд. Аз ҷумла 75 нафар олимони ҷавон ва 25 нафар ихтироъкорони ҷавон дар донишгоҳҳои олӣ фаъолият бурда, саҳми арзандаи худро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд. Ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд 7 нафар ҷавонон интихоб гардида, аксарияти ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Аксари ҷавонони бонангу номуси кишвар дар пайи таҳсил, интихоби касб ва азхуд кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишварамон заруриро азбар карда истодаанд. Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди мо дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Ҳоло дар дохили кишвар бошад, зиёда аз 200 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсили илм доранд.
Соли сипаригардида бори аввал қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ шуд, ки он талаби замон буда, омили асосии коҳишёбии  шиддати кирдорҳои коррупсионӣ дар ин соҳа гардид. Имтиҳоноти тестӣ инчунин то андозае сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар муайян намуд.
Ҷавонони азиз!
Дар шаҳр ҷавонони лаёқатманд ҳаматарафа дастгирӣ меёбанд.
Имрӯз ҷавонони мо барои иштирок ба мусобиқаҳои гуногуни сатҳи умумиҷаҳонӣ омодагӣ мебинанд.
Боиси ифтихор аст, ки варзишгарон, ба монанди Ҷаҳон Қурбонов-ду карат иштирокчии бозиҳои олимпӣ, Ҷафоев Наврӯз-ғолиби чандин мусобиқаҳои байналхалқӣ, дар намуди варзиши бокс, Комроншоҳи Устопириён-чемпиони чандин каратаи мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, дар намуди гӯштин, Ҳафиззода Илҳом - ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалӣ номи Тоҷикистону тоҷикистониёнро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Дастовардҳои варзишгарон гувоҳи он аст, ки ҷавонон ҳамеша дар боло рафтани эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрӯз дар тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақши пуртаъсири ҷавонони кишвар ҳамчун неруи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад. Ҳазорон нафари онҳо ба фатҳи қуллаҳои баланди дониш муваффақ гардидаанд ва даҳҳо ҳазори дигарашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нафъи Ватан ва ҷомеа содиқона меҳнат мекунанд.
Ҳамчунин фарогирии ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна тавсеа ёфта, бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумат лоиҳаҳои имтиёзнок ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудаанд, ки ин ба рушди соҳибкории ҷавонон афзалият медиҳад.
Боварии комил дорем, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандӯсти кишвар ҷавонони мо чун фарзандони асили миллат Ватани азизи худро ба дараҷаи кишварҳои пешрафта ва мардумаш соҳибсаодат мерасонанд.
Таҷлили 30-рӯзи ҷавонӣ имконият фароҳам овард, ки дар давоми ин рӯзҳо Шумоён - ҷавонон аз муҳимтарин барномаҳои ҷолиби сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ ва маърифатӣ бархурдор гардида, бори дигар таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари давлатро нисбат ба ҷавонон ба хубӣ эҳсос намоед.
Дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон орзуманди онем, ки ҳамеша толеи нек, бахти баланд ва хушиву хубиҳои ҷавонӣ ороишгари саҳифаҳои рӯзгоратон бошад.
Сарбаланду комрон бошед, ҷавонони саодатманд!