(4 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд ҷамбаст гардид.

Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон ҷамбаст гардид.
Ба ин муносибат дар майдони Театри мазхака-мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ чорабинии пуршукӯҳи ҷавонон доир гардид.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кулли ҳозиронро бо Рӯзҳои ҷавонон табрик намуд: «Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сӯи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар даврони ҷаҳонишавӣ масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонон ҳамчун неруи ояндасози миллат дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар қарор дорад.
Бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шуда, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама тарбия намудани насли солим, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ ва таҳким бахшидани мавқеи оила дар ҷомеа мебошад. Итминони комил дорам, ки Шумо ҷавонони сарбаланди кишвар дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, бо ҳисси баланди масъулият иҷро намуда, дар бунёди оилаи солим саҳми арзанда мегузоред.»- таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Сипас Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 нафар муҳассилини беҳтарини муассисаҳои таълимии миёна, миёнаи махсус ва олӣ стипендияи Раиси шаҳрро, ки тариқи озмун ҳамсола интихоб карда мешаванд, ботантана супорид.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки имсол маблағи стипендияи Раиси шаҳр 900 сомониро ташкил дода, ҳамсола он зиёд мегардад.
Баъдан консерти ҳунармандони шинохтаи кишвар Нигина Амонқулова, Ҳасан Камол, Гуласал Пулодова, гурӯхӣ ҳунарии «Садои Суғд» бо роҳбарии ҳунарманди маъруф Анвар Қосимов ва гурӯҳҳои рақсии «Парниён» ва «Зебо» ин чорабиниро шаҳомати хоса бахшид.
Ҳоло 75 нафар олимони ҷавон ва 25 нафар ихтироъкорони ҷавон дар донишгоҳҳои олӣ фаъолият бурда, саҳми арзандаи худро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд. Дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд бошад имсол 7 нафар ҷавонон интихоб гардида, сафи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда бештар мегардад.