(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Оила оғози фардои муродХонандагони азиз тавре қаблан хабар доранд кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба соли 2015 эълон шудани Соли оила ва дар сатҳи баланд доир намудани омодагиҳо ба Рӯзи оила давоми як моҳи охир якчанд чорабиниҳоро доир намуд. Чунончӣ дар доираи баргузории иқдоми (аксияи) «Бонувон дар сафи пеши созандагӣ» зери шиори «Занону духтарон ҷонибдори оила, ҷомеа ва миллати солим» дар мактабу литсейҳои ҳудуди шаҳр бобати омӯзонидани маърифати оиладорӣ бо ҷалби мутахассисон, занони рӯзгордида доир намуд. Ҳамчунин дар муассисаҳои олии вилоят силсилаи чорабиниҳо таҳти унвони «Ҳар рӯзи ман бо муҳаббат ощоз мегардад, на бо хушунат», Оилаам осудаву ҷамъи ҷаҳон осудааст», «Субҳи тулӯи дил», «Оинаи рӯзгор», «Зани оқилаву порсо, кунад марди хешро подшоҳ», «Зан-чарощи хонадон» баргузор гардида, ба чорабинӣ ҳуқуқшиносон, равоншиносон, кормандони хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, масъулини соҳаҳои тандурустӣ, маориф даъват шуданд. Ба хотири ҷамъбасти силсила чорабиниҳо рӯзи гузашта дар қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ширкати доираи васеи фаъолони шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Оила ощози фардои мурод» доир гардид. Дар чорабини муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, мудири шӯъбаи кор бо занони КИМ ҲХДТ Фирӯза Шарифӣ, муовини Раиси КИВ ҲХДТ Анвар Ҷалилов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Майрам Исоева ва дигар меҳмонон аз пойтахти кишвар ҳузур доштанд.
Нахуст меҳмонон аз намунаи ҳунарҳои халқии ҳизбиёни шаҳр ва порчаҳо аз саҳнаҳои оиладориро дар иҷрои донишҷӯёни толибилмони ҳудуди шаҳр тамошо намуданд.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳузури меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфт. Ӯ аз пуштибонии Саврвари давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмаон ҷиҳати эҳтиром доштан ба оилаву оиладорӣ ва эълон доштани соли 2015 Соли оила ёдовар шуд. Қайд гардид, ки яке аз пояҳои асосии хушбахтии оила ин эҳтирому ҳамдигарфаҳми дар оила аст. Барои ин бояд сатҳи маърифати оиладориро баланд бардошт.
Сипас се оилаи хушбахти шаҳри Хуҷанд- оилаи Иброҳимовҳо, (60 сол зиндагии ҳамҷоя) оилаи Солиевҳо, (45 сол зиндагии ҳамҷоя) ва оилаи Неъматҷоновҳо (40 сол зиндаги ҳамҷоя) аз рӯзгори худ нақлҳои ҷолиб намуда, баён доштанд, ки сирри хушбахтӣ дар оила ин пеш аз ҳама дар тифоқиву ҳамдигарфаҳмӣ аст. Ҳар кадоме аз ин оилаҳо соҳиби чандин набераву абера буда, фарзандҳояшон дар муҳити созандагӣ ба камол расидаанд ва дар соҳоти гуногуни хоҷагии халқ заҳмати беш мекашанд.
Шеъру суруд дар васфи бузургии модар ва зан дар иҷрои ҳофизони хушовоз Махками Баҳридин, Рустам Дадоҷонов, саҳначаҳо аз рӯзгори оилаҳои тифоқ аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба маҳфил таровати дигаре зам намуд.
Марям Исоева барои баргузории чунин як чорабинии бошукӯҳ ба кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва МИҲД-и шаҳр изҳори сипос намуда, баён дошт, ки оилаи солим аз ҷомеаи солим бармеояд. Имрӯз мо дидем, ки чи гуна ҷавонон бо шеъру тарона модарони худро шодбош гуфтанд. Мавсуф аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳаргиз бадиро ба якдигар раво набинанд. Муҳаббати беолоишро тараннум кунанд. Номбурда овони бачагии худро ба ёд оварда, ҳатто қайд кард, ки муҳити хонаводагияшон имкон дод, то онҳо чун ҳунарманд ба ин халқ хидмат карда бошанд. Ба андешаи Марям Исоева танҳо муҳаббати пок оиларо сарҷамъ ва ба суи нур раҳнамо менамояд.
Дар фарҷом ба се насли оилаҳои хушбахт, ки дар боло зикрашон рафт аз ҷониби раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён ва муовини Раиси КИВ ҲХДТ Анвар Ҷалилов тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.