(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Беморхонаи касалиҳои сироятӣ сифати хизматрасонии худро беҳтар намуд.Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоидти табобат ва пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ Беморхонаи касалиҳои сироятии маркази вилоят  фаъолияти худро ҳамарӯза ба сатҳи нав мебарорад.
Аз оғози сол то имрӯз маъмурияти ин муассисаи тиббӣ ва шӯъбаи муолиҷаи беморони зардпарвини бачагона аз таъмир бароварда шуда, дар рузҳои наздик таъмири шӯъбаи муолиҷаи беморони зардпаривини калонсолон оғоз хоҳад ёфт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз корҳои таъмири ба анҷом расида, сифати онҳо таъмини ҷиҳози ҳуҷраҳои беморон ба беморхонаи номбурда омад. Лозим ба қайд аст, ки барои аз таъмири куллӣ баровардани биноҳои номбурдаи беморхона аз хисоби Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Баъди таъмир дар шӯъбаи муолиҷаи беморони зардпарвини бачагона 50 кат  ва шӯъбаи мулоиҷаи беморони зардпарвини калонсолон 60 кат бо тамоми шароити мусоид омодаи қабули беморон аст.
«Дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷӯҳи ҳамарӯза нисбати сиҳатии ҳар як фарди кишвар, оила ва насли солим моро вазифадор менамояд, ки беш аз ҳама барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ шароит фароҳам орем.» қайд намуд дар сӯҳбати худ бо табибон Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода барои иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи эълон гаштани соли равон чун соли рушди фарҳанг ва гулҳо ба роҳбарияти беморхона сипосмандӣ намуд.
Бо ҳамдастии роҳбарияту кормандон, саҳни ҳавлӣ, майдону роҳрав гулпӯш гардида, парвариши онҳо дар гармхона ва дохили шӯъбаҳо ба роҳ монда шудааст.
Ҳайати табибон ва кормандони дармонгоҳ баъди пазироии самимӣ аз таваҷҷӯҳи ва ғамхории пайваста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандӣ намуданд.