(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр оилаҳои намунавиро табрик намуд.Бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ қадрдонию эътибори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нисбати шахсони барӯманд ва собиқадрони ҷангу меҳнат ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба муносибати Рӯзи оила Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдату табрикоти се нафар оилаҳои намунавии маркази вилоят, ки зиёда аз 50 сол зиндагӣ доранд, рафт.
Сараввал Раиси шаҳр ба табрики оилаи Бобоҷоновҳо омад.
Омӯзгори собиқадор Насим Бобоҷонов ва собиқадори меҳнат Саидниссо Бобоҷонова баъди фаъолияти пурмаҳсул дар соҳаи маориф ва коргоҳи бофандагӣ 4 нафар фарзандро ба воя расонда имрӯз даврони пирӣ меронанд.
Раҷаббой Аҳмадзода оилаи номбурдаро бо Рӯзи оила ва 50 соли зиндагии якҷояи мустаҳками намунавӣ муборакбод намуд.
Оилаи дигаре, ки Раиси шаҳр ба хотири  муборакбодии онҳо меҳмони манзилашон гашт, оилаи Юсуповҳо буд. Баротбой –амаки 75 сола ва холаи Хайриниссои 82 сола аз соли 1957 зиндагии якҷоя намуда, 7 нафар фарзандро соҳиби маълумот ва оила намуданд. Имрӯз ба ғамхорию эҳтироми пайвандони фаро гирифта шуда, шукронаи ғахории ҳукумату давлат мекунанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои тарбияи фарзандони нек, хизмати софдилона дар рушди кишвар ба оилаи Юсуповҳо изҳори сипосмандӣ намуд.
Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи олила Раиси шаҳр Юсуф ва Сабоҳат Қурбоновҳоро табрик намуд.
Давоми ҳаёту фаъолитяи беш аз 50 солаи худ Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Юсуф Қурбонов аз роҳбари идораи сохтмонӣ то ба вазифаи раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд расида Сабоҳат Қурбонова бошад чун мутахассиси варзида соҳиби унвони Корманди хизматнишондодаи иттифоқи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гаштааст.
Ҳоло 4 нафар фарзандони ин оила дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар дар хизмати мардум хастанд.
Ба ҳамаи оилаҳои аёдатшуда дар баробари супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ, номаи табрикотӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳхат ба истироҳатгоҳи «Баҳористон» тақдим карда шуд.