(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Рӯзи «Дарҳои кушод» дар қисми низомӣ.

Дар асоси иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони" Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафхои олии кишвар" ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омода намудани онҳо ба хизмати модар-ватан бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд санаи 13 майи соли 2015 дар қисми низомии 3501-и Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод ва шиносои ҷавонони сини то даъвати бо шароити хизмати сарбозону афсарон ташкил ва гузаронида шуд.
Афсарону сарбозонро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд. Дар чорабинии мазкур 300 нафар ҷавонони синни то даъвати иштирок намуда аз шароити хизмати сарбозон, ҷои хӯрокхӯрӣ, хоб, аз техникаҳои муосири ҷанги дидан намуданд. Дар охир ба 60 нафар беҳтарин афсарону сарбозон ифтихорнома, тӯҳфаҳо ва маводи гигиенӣ тақдим карда шуд.