(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Марафони ҷавонон аз Хуҷанд то Душанбе.Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва тарғиби ҳаёти солим имрӯз марафони варзишии ҷавонон бо унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» аз шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.
Ба ин муносибат дар пояи парчами миллӣ расми гусели варзишгарон бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавонони маркази вилоят ва масъулини мақомоти маҳаллӣ доир гардид.
Тибқи нақшаи баргузоркунандагони ин чорабинӣ давоми панҷ рӯз ҳафт нафар варзишгарони вилоят бо роҳи Хуҷанд- Спитамен- Шаҳристон- Айнӣ- Варзоб санаи 16 май ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе расида, санаи 17 май дар «Дави миллӣ» иштирок хоҳанд кард.
Дар расми гусели варзишгарон муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова ширкат намуда орзую таманниёти неки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокдорони ин марафон расонд. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов ширкат намуданд.