(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Марҳилаи навбатии гулзоркунии шаҳр идома дорад.Дар шаҳри Хуҷанд марҳилаи нави гулшинонӣ, гулзоркунии кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳо оғоз ёфт.
Дар асоси супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳоло кормандони муассисаҳои ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр ба ҷойи гулҳои аз нашунамо монда, гулҳои мавсимии «Питуня» «Карнайгул» ва дигар намуди гулҳои маҳаллиро ба тарзу усули махсуси ороишӣ шинонда истодаанд.
Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз вазъи феълии корҳо дар ин самт Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти корҳои гулзоркунӣ ва ободонӣ шинос шуд. Таъкид гардид, ки дар баробари гулзор намудани шаҳр ба талаботи агротехнологӣ истифодаи ранги гул вобаста ба мавзеъ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар баробари шиносоӣ фаъолияти мутахассисони соҳаи кабудизоркунӣ, Раҷаббой Аҳмадзода бо сокини маркази вилоят, хонаи 205 ҳуҷраи 31, Абдурашид Раупов, ки ба нигоҳубини буттаву гулҳои саҳни ҳавлӣ ва дарахтони майдони назди бинои истиқоматии худ машғул буд, сӯҳбат намуд. Ин собиқадори меҳнат давоми чанд со ласт, ки бо қувваи худ ва се нафар фарзандонаш барои ободу зебо нигоҳ доштани майдони назди бинои истиқоматии худ, мнҳнат мекунад. Ҳамсола гулбуттаҳои ҳамешасабз ва ороиширо дар атрофии ин бинои баландошёна шинонда, нигоҳубин мекунад.
Раиси шаҳри Хуҷанд барои ин амали софдилонаи ободокории ин сокини шаҳр изҳори сипосмандӣ намуда, зикр намуд, ки дар сурати саҳми фаъолона гузоштани ҳар як шаҳрванд дар ободӣ, имкони боз ҳам зеботар намудани шаҳри Хуҷанд бештар хоҳад шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки давомиҳафта аз ҷониби Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 500 ҳазор дона гулҳои ороишии маҳаллӣ харидорӣ карда шуда, тавассути он мавзеҳои гуногуни шаҳр гулзор карда хоҳад шуд.