(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мактаби таҳсилоти умумии № 2 номи Зайниддин Осимовро гирифт.Дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум аз 25 декабри соли 2014, № 531 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зайниддин Осимов гузошта шуд.
Ба ин муносибат дар мактаби номбурда ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорон толибилмон ва пайвандону собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Зайниддин Осимов 14 майи соли 1914 дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаб, соли 1936 факултети химия ва табиатшиносиро хатм намуда, дар худи донишкада меҳнати педагогӣ ва илмиашро оғоз намуда дар вазифаҳои ассистент- тарҷумон, ассисент, сармуаллими кафедра ва муовини декани факултети табиатшиносӣ фаъолият бурда, дар пешрафти муҳити илмиву таълимии ин боргоҳи бонуфуз саҳми босазои худро гузоштааст. Дар корҳои илми-тадқиқоти ва сохтани лущатҳои терминологи ҳам Осимов Зайниддин ҷалб шуда буд. Дар маълумотҳои кафедра навишта шудааст, ки Осимӣ аз соли 1938 дар лабараторияи донишгоҳи шаҳри Самарқанд тадқиқот бурдааст ва соли 1939 ноиб декани факултети табиатшиносӣ таъин крда шудааст. Соли 1942 ҳачун аъзои комиссияи имтиҳон-қабулкунӣ дар институти хоҷагии қишлоқ ширкат варзида соли 1938 ӯ ба тарҷумаи китоби дарсии «Химияи органикӣ» аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ машщул мешавад ва онро ба итмом расонида соли 1941 ба чоп месупорад.
Баробари огози ҷанг ӯ аз аввалинҳо шуда барои ҳимояи ватан меравад. Заӣниддин Осимов 17 июни соли 1944 дар задухурди шадиди ҷанги Бузурги Ватани маҷруҳ мешавад ва ӯро дар посёлкаи Заходскоеи шаҳри Виборг хамчун командири 109 полки тирандозӣ, офитсер ва қаҳрамон дафн мекунанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода ҷамъомадро ифтитоҳ намуда аз мардонагию матонат ва зиндании  чунин ҷанговарон ёдрварӣ намуд.
Зикр гардид, ки ки хизматҳои ин олим, муаллим ва ҷанговар дар таърихномаи миллати мо абадан номнавис шудааст.
Сипас Рачаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии пайвандони Зайниддин Осимов парда аз рӯи лавҳаи ёдгории номгузорӣ шудани ин мактаб бардошта, кулли ҳозиронро бо ҷашни фархундаи ғалаба табрик намуд.
Хоҳари Осимов Зайниддин – Башорат Осимова датсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ва фарзанди ҷанговари шаҳид,- Осимов Акмал дотсент номзади илмҳои физика математикаи донишкадаи политехникии донишгоҳи техники тоҷикӣ ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз хотираҳои неки пайвандони худ бобати зиндагӣ ва амалҳои шоистаи пайванди худ ёдоварӣ намуда, барои посдории номи Зайниддин Осимов изҳори сипос намуданд.