(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили Иди Ғалаба дар шаҳри Хуҷанд.

Имрӯз, 8 май дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори 70 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими тантанавии гулгузорӣ доир гардид. Дар маросими гулгузорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиёи вилоят иштирок намуданд.
Баъди гузоштани гулчамбар ва поси хоири қурбониёни ин ҷанги мудҳиш Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳозирон суханронӣ намуд. Раиси вилояти Суғд Ҷанги Бузурги Ватаниро аз ҷангҳои фоҷиабортарини башарият арзёбӣ карда, аз нақши ҷанговарони тоҷик дар таъмини Ғалаба ситоиш кард. Мо фахр аз он дорем, ки шумо – собиқадорони ҷанг, диловарони Ватан дар набардҳои шадиди солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ далериву шуҷоат нишон дода, алҳол бо таҷрибаи ғанӣ ва зиндагии ибратомӯзатон баҳри таҳкими истиқлолият, озодиву ободӣ, пешрафти Ватани азизамон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстӣ саҳми шоиста доред – афзуд Раиси вилоят.
Ҷомеаҳои меҳнатии шаҳри Хуҷанд, омӯзгорону толибилмони макотиби оливу миёнаи касбӣ , мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигарон бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотири шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд.
Хотирнишон менамоем, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд 242 нафар ва дар шаҳри Хуҷанд 23 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд ва ҳамасола ба эшон аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯмакҳо расонида мешавад.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба ҳар яке аз иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 1500 сомонӣ, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба маблағи 1000 сомонӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд 500 сомонӣ кӯмакпулиҳо расонида шуданд.