(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамдиёрони азиз!
Падарони шуҷою шарафманд!
Фарорасии иди барои тамоми инсонияти тараққихоҳи дунё азизу мӯътабар ва фархунда – 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳар яки Шумо муборакбод мегӯям. Ба кулли мардуми диёри офтобиамон осмони софу бещубор, тани сиҳату хотири ҷамъ, ба падарони матину қаҳрамон давлати пирӣ таманно мекунам.
Ҳафтод сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҷдаи Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид. Ин ҷанги мудҳиштарин дар таърихи инсоният 1418 шабонарӯз давом карда, дуду оташи он садҳову ҳазорон шаҳру деҳаҳоро ба хок яксон намуда, ҳаёти 27 миллион нафар мардумони шӯравиро ба комаш фурӯ бурд. Дар ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз 260 ҳазор нафар тоҷикистониён паҳлӯ ба паҳлӯи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ, ҳар як ваҷаби хоки муқаддаси Ватанро ҷон рӯи каф гирифта, ҳифз намуданд. 60 ҳазор нафари онҳо аз ҷанг барнагаштанд, дар майдонҳои набард, дар хоки Русияю Украина, Белоруссияю Молдова, кишварҳои назди Балтик, Полшаю Руминия, Чехословакияю Венгрия, Албанияю Булщория ва лонаи фашистон – Германия ҷавонии ҷовидона дарёфтанд.
Он қаҳрамонӣ, шуҷоат, диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла хуҷандиён дар қатори миллионҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, намунаи олии ватандорӣ ва дарси олии мардонагӣ буда, дар китоби таърихи ватан бо хатҳои заррин сабт шудааст ва насли ҷавони имрӯза вақте ки онҳоро варақгардон мекунанд, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шӯҳратманд, дарси садоқату вафодорӣ ба диёрро меомӯзад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол дар арсаи олам мақому манзалати хоса пайдо кардааст, сиёсати сулҳпарваронаи худро ҳамеша эълон медорад. Ҷонибдории сулҳи минтақа ва кулли курраи арз ҳамчун садои дили мардуми сулҳдӯсту инсонпарвари тоҷик дар суханрониҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди умумиҷаҳонӣ бозгӯи рисолати азалии сулҳдӯстию инсонпарварии тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст.
Солҳо мегузаранд, наслҳои дигар дар олами ҳастӣ чашм во мекунанд, вале қаҳрамониҳои безаволи падарону бобоёни шарафманд, хотири неки онҳое, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан дар майдонҳои ҷанг ҷон нисор кардаанд ва онҳое, ки бо мурури замон, бо ҳукми тақдир ҳаётро падруд гуфтаанду имрӯз миёни мо нестанд, барои асрҳои дигару наслҳои дигар аз бузургии инсонҳои некному абадзинда огоҳӣ мебахшанд, хушдор медиҳанд, ки тинҷию амонӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта ва муттаҳидию ҳаммаромӣ беҳтарин неъмати тақдир ва таърих будааст.
Дар ин рӯзи нек ба ҳар яки Шумо, ҳамдиёрони азиз, комронию сарбаландиҳо хоҳонам. Бигзор осмон ҳамеша соф, сулҳ дар рӯи Замин  ҷивидон бошад!
Идатон муборак бод. ҳамдиёрони азиз!

 Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Раҷаббой Аҳмадзода