(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сипоси мардум барои иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.Дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати обод намудани роҳҳои шаҳри Хуҷанд ва аз таъмири хушсифат баровардани кӯчаҳои маҳаллаҳои шаҳр аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дастгирии ҳамаҷониба меёбад.
Дар якҷоягии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкор, роҳбари ширкати «Мабетес» Алишер Исмоилов роҳи биноҳои 121, 122, 122 «а», воқеъ дар маҳаллаи «Мевағул» пурра аз таъмири куллӣ бароварда мешавад. То имрӯз қисми асосии роҳ асфалтпӯш гардида, дар маҷмӯъ мумфаршкунии наздик 2 ҳазор метри мураббаъ роҳ дар нақша аст, ки маблағи умумии корҳо ба сад ҳазор сомонӣ мерасад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид ва ошноӣ аз рафти корҳои ободонӣ бо роҳсозону сокинони маҳаллаи номбурда мулоқот намуд. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки сатҳу сифати корҳои мумфаршкунӣ бояд тибқи талаботи мавҷуда, бо истифодаи воситаҳои муосири техникӣ ва санҷиши  доимии сифати корҳо ба анҷом расонда шаванд.
Сокинони хонаи 122 «а» маҳаллаи «Мевағул» Раҳмонова Марҳабо дар сӯҳбат бо Раиси шаҳри Хуҷанд изҳор намуд, ки «Амалӣ гаштани дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ободу зебо намудани кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд хушбахтона давоми ду сол идома дорад. Мо сокинон барои ин дастуру супорише, ки имрӯз мақомоти шаҳр, мардум, соҳибкорон амалӣ менамоянд, ба сарвари давлат изхори ташаккур менамоем.»
Корҳои ободонӣ дар дигар кӯчаҳои шаҳр низ идома дорад.