(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altТамоми кормандони соҳаи алоқа ва кормандони радиоро бо иди касбӣ – Рӯзи радио ва алоқа аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо самимият ва эҳтироми афзун табрик менамоям.
Имрӯз алоқа дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ нақши муассир дорад. Фаъолияти 5 ширкати мобилӣ, шабакаи телефони шаҳрӣ ва намояндагии департаменти давлатии «Почтаи тоҷик», 6 радиои маҳаллӣ бозгӯи он аст, ки дар асри мо алоқа ва радио чун воситаи муҳимтарин иртибот ва иттилоот аҳамияти муҳим дорад барои сокинон хизмат мерасонад.
Дар ҳамин замина боиси хурсандист,ки кормандони соҳа бо дарки масъулияти баланд дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакат ва дар раванди пешравиҳои беназир иштироки бевоситаи фаъолона доранд. Онҳо дар тарғиб ва амалӣ гаштани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Ҷаноби Олӣ, Сарвари давлатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд.
Таҷлили Рӯзи радио ва алоқа ва дар ин замина рӯ овардан ба таърихи радио ин қабл аз ҳама эътирофи қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунундаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони васоити ахбори омма аст. Васоити ахбори омма ҷузъи таркибии рӯзгори мост ва сухани созанда ҳамеша ҳамроҳу ҳамқадами мо хоҳад буд.
Дар ин рӯзи неку фархунда ба кормандони радиою алоқа, собиқадорони соҳа ва ҳамаи алокамандони радио барору музаффариятҳо орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак, кормандони соҳаи алоқа ва радио!

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                               Раҷаббой Аҳмадзода