(5 овоз, миёна 3.40 аз 5)

Солҳои охир таваҷҷӯҳи роҳбарони давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ ба таълиму тадриси толибилмон дар мактабҳои миёна бештар гардида, маорифчиёнро водор месозад, то дар ин самт кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд.

Ин аст, ки устодону омӯзгорони мактабҳои шаҳри Хуҷанд ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ мушарраф мегарданд. Дирӯз гурӯҳи калони хонандагон аз шаҳри Душанбе, аз олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки аз 12-ум то 22-юми апрели соли равон аз рӯи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ баргузор гардид, бо ғалабаи бузург баргаштанд.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки бо иштироки хонандагони синфи 11-уми ҳамаи намуди мактабҳо сурат гирифт, толибилмони шаҳри Хуҷанд ба гирифтани 14 ҷой, аз ҷумла, 2 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм сазовор шуданд. Ин нишондиҳанда дар миқёси вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ беҳтарин арзёбӣ мегардад. Зеро, хонандагони шаҳри Исфара 11 ҷойи ифтихорӣ ва ноҳияи Б.Fафуров 12 ҷойи ифтихориро соҳиб гаштанд.

Бахусус, хонандагони синфи 11-уми гимназияи №24 Шаҳло Маҳкамова ва МТМУ №8 Диана Дмитриева аз рӯи фанҳои забон ва адабиёти рус сазовори ҷойи якум шуданд.

Толибилмони Мактаби хусусии «Ю.Рустамов» Мурод Неъматуллоев ва Муқаддама Fаниева аз фанҳои таърих ва физика, МТМУ №28 Музайяна Саидова ва хонандаи ЛИМТТ Фирдавс Орифов аз фанни забони англисӣ, ЛИМТТ Нозим Каримов аз фанни география, м/х «Пӯлотов» Фирӯза Саидова аз фанҳои забон ва адабиёти рус ва МТМУ №15 Меҳрангез Абдусамеева аз фанни забони рус ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардиданд.

Хонандагони мактаби «Гулчини маърифат» Шаҳбоз Мизробов аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ», м/х «Ю.Рустамов» Амир Раҳимов аз фанни математика, литсейи №1 Амирхон Азимов аз фанни химия, МТМУ №17 Умар Абулбоқиев аз фанни география ва литсейи №1 Азиза Абдуллоева аз фанни забони русӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.