(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Собиқадорони ҷангу меҳнат соҳиби мукофотпулӣ гаштанд.

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат,ки дар солҳои ин ҷанг ғалабаро таъмин намуданд, мукофотпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Ба ин муносибат ҷамъомадро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо 70-умин солгарди Иди бузурги Ғалаба табрик намуд.
Баъди табрикоти самимӣ, масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ботури Олуфта ба тамоми ҷанговарон кӯмакпулии сарвари давлат,- 1500 сомониро супорид.
Ҳамчунин сардори Раёсати кор бо занони ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазор сомонӣ ва ба собиқадорони меҳнати ақибгоҳ бошад, 800 сомонӣ супорид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода дар суханронии худ доири қаҳрамониҳои ин фарзандони содиқи ватан ҳарф зада, изҳор намуд, ки корнамоии ҳар кадоми ин шахсон ҳам дар муҳорибаи ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ намунаи барҷастаи ватандорӣ аст.
Кӯмакпулии яквақтинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 500 сомонӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳ 200 сомониро Раҷаббой Ахмадзода супорида, барои онҳо сиҳатмандии бардавом ва давлати пирии нек орзу намуд.