(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Аёдати собиқадорони ҷанг идома дорад.

Дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои идона бахшида ба 70 солагии Ғалабаи халқи шӯравӣ аз болои фашистони истилогар идома дорад.
Давоми чанд рӯз аст, ки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба меҳмонии иштирокчиёни ин ҷанг ва шахсони дар давраи ин ҷанг бесарпаноҳмонда меравад.
Раҷаббой Ахмадзода ба манзили 23 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 2 нафар шахсони дар натиҷаи ин ҷанг бесарпаноҳ монда рафта ба ҳамаи онҳо кӯмаки яквақтинаи моддӣ иборат аз мавод ғизо,- орд биринҷ, равған, гӯшт, шакар макарон ва ғайра расонд Ҳамчунин ба ҳамаи иштирокдорони ҷанг либоси идона чун тӯҳфаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ супорида шуд. Раиси шаҳр ин мардони фидокорро бо фарорасии Иди Ғалаба табрик намуда, таманниёти неку орзуҳои самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба хотири ин санаи фархунда ба онҳо расонд. Аёдати собиқадорони ҷанг идома дорад.

«Мардонагию шуҷоатмандӣ ва зиндагиномаи Шумо барои мо ва наслҳои оянда дарси матонату шуҷоатмандӣ буд ва минбаъд низ мемонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки қаҳрамониҳои Шумо намунаи барҷастаи ватандорӣ  аст, Мо аз Шумо ифтихор мекунем ва ҳамеша дар хизмати Шумо ҳастем.»- зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Давоми ҳафта ҳамчунин аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр барои иштирокдорони ҷанг низ тӯҳфаҳои хотиравӣ кӯмаки пулию молӣ расонда шуда, дастурхони идона ороста мешавад.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбари Ширкати сохтмонии «Иморатсоз» Аъзамхон Алиев барои ҳамаи аёдатшудагон ва иштирокдорони ҷанг низ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дарасоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҷлили Рӯзи Ғалаба санаи 8 май дар назди ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо тантана қайд карда мешавад.
Ҳамчунин бахшида ба рӯзҳои «Поси хотир» дар пояи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби хонандагони беҳтарини макотиби шаҳр «Қаровули фахрӣ» ташкил карда шудааст.
Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода «оташи абадӣ» -и ин мавзеъ давоми сол фрӯзон хоҳад буд. Бо ин мақсад аз ҳисоби Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 36 ҳазор сомонӣ ҳамсола ҷудо карда мешавад.