(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлил: Раҳнамо  ва  кони  маъноУстод, омӯзгор, муаллим, мураббӣ воқеан, инсоне мебошад раҳнамо, дилёб, меҳрубон ва сахтгиру қавиирода. Албатта, дар сурати масъулиятшинос ва нисбат ба касбу вазифаи хеш содиқ бошад.

Яке аз омӯзгорони фидоии касбу кори хеш, ки ним аср инҷониб баҳри таълиму тадриси наврасону ҷавонон заҳмат кашидааст, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимахон Мӯъминова мебошанд.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ҷашни 75-солагии зодрӯзи машъалафрӯзи соҳаи маориф Н.Мӯъминова дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-уми шаҳр ботантана таҷлил гардид.

Таҷлил: Раҳнамо  ва  кони  маъно

Баҳри таҳнияти устоди устодон даҳҳо нафар дӯстону наздикон, ҳамкасбону ҳамкорон, шогирдону пайвандон гирд омаданд. Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов сухан меҳру муҳаббат гуфта, ҳаёту фаъолияти муаллимаро намунаи ибрат баҳри насли имрӯз, бахусус ҷавонон номид.

Наима Мӯъминова,  иброз кард Раиси шаҳр, солҳои сарвариашон дар мактаби миёнаи рақамҳои 2 ва 3 ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, бо маҳорати баланд ва масъулияти беандоза дар қалби маорифчиён маскан гирифт. Ҳамзамон, давоми шаш соли мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд будан, шӯҳрати кормандони ин соҳаи муҳим ва афзалиятноки ҷомеаро дар кишвар баланд бардошт. Зеро, дар мусобиқаи сотсиалистӣ ба гирифтани Байрақи Сурхи сайёри Шӯрои Вазирони Тоҷикистон ва Байрақи Сурхи сайёри Шӯрои Вазирони СССР мушарраф гардид.

Солҳои ба ҳайси директори мактаби миёнаи № 12 фаъолият кардан ба таълиму тарбияи насли наврас нақши арзанда гузошт. Бо ташаббус ва суботкории ин зани ҷонфидои маориф дар таълимгоҳ «Синфи махсуси педагогӣ» кушода шуд, ки 18 нафар хатмкунандагони он бе супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба факултетҳои мухталифи донишгоҳ қабул гардиданд.

Дар чорабинӣ ҳамзамон, муовини мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мунаввара Дадобоева сухан карда, номаи табрики Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзодаро ба самъи соҳибҷашн ва аҳли нишаст расонд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят Саидмухтор Ҷалолов ва ходими намоёни ҷамъиятиву сиёсӣ Биҳоҷал Раҳимова низ сухани меҳр гуфта, Наима Мӯъминоваро ба маънои томаш устоди устодон номиданд. Зеро, муаллима яке аз маорифчиёни меҳнатқарину қавиирода ва мӯнису ғамхор маҳсуб шуда, бо мукофотҳои давлатӣ, ба монанди медали «Барои меҳнати шоён», «Собиқадори меҳнат», Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони «Аълочии Таҷлил: Раҳнамо  ва  кони  маъномаорифи халқи Тоҷикистон» сарфароз гардидаанд.

Қайд шуд, ки то ба ҳол Н.Мӯъминова чун узви фаъоли Шӯрои маорифи шаҳр ва Шӯрои шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар тарбияи ҷавонон саҳм мегузоранд.

Чорабиниро қисми фарҳангӣ бо суруду таронаҳои рӯҳнавозу дилангези сарояндагони маҳбуби халқ Ҳасани Камол ва Абдумавлон Дадобоев, ҳамзамон, композитсияи адабии омоданамудаи хонандагон таровати хоса бахшид.

Дар фарҷом сабабгори ҷамъомад Наимахон Мӯъминова сипоси хешро барои қадршиносиву дастгирии маорифчиён ба Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов расонид.