(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Беморхонаи шаҳрӣ дорои таҷҳизоти муосир гашт.Бо кӯмаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Беморхонаи шаҳрии № 1 соҳиби таҷҳизоти наву муосир гашт.
Ба ин муносибат дар муассисаи мазкур расми қабули таҷҳизот бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамоши табибону кормандон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд қабл аз ҳама аз сифати хизматрасонии беморхона изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки ҳифзи сиҳатии мардум, ҳимояи манфиатиҳои иҷтимоии сокинон дар таваҷҷӯҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бинобар он яке аз қисматҳои асосии буҷаи маҳаллӣ, ин маблағҳои ба ин самт расона шуда аст.
Маблағи умумии таҷҳизот 300 ҳазор сомонӣ буда, он аз 17 намуди воситаҳои техники тиббӣ иборат аст. Беморхонаи шаҳрӣ дорои таҷҳизоти муосир гашт.Лозим ба зикр аст, ки се таҷҳизоти воридгардида,- видеостати эндоскопӣ, барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, кардиомонитор барои назорати фаъолияти дил ва инфузомат барои таъмин ва назорати гузаронидани дору ба таври мунтазам ба бемор бори аввал харидорӣ гашта, ба сифатан беҳтар гаштани  муолиҷаи беморон муҳим арзёбӣ мешавад.
Ҳамзамон лозим ба ёдоварист,ки соли равон барои таъмири  куллии шӯъбаҳо ва тунукапӯш намудани боми бинои муолиҷавии бемористон 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда, корҳои таъмир ва азнавсозӣ бо маром идома дорад.