(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Миннатдории шаҳрванд барои иҷрои дархост.Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Қабули шаҳрвандон тариқи «Равзанаи ягона» сурат гирифта, дар он ҳамчунин муовинони раиси шаҳр мудирони шӯъба ва роҳбарони воҳидҳои сохтории самтҳои гуногун ширкат намуданд.
Аз 51 нафар шаҳрвандони  муроҷиат намуда, 15 нафар барои беҳтар намудани шароити зисти манзил ва ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 10 нафар кӯмак барои харидорӣ намудани масолеҳи сохтмон дархост намуданд. Хамчунин баробари кумаки замини назди ьавлиги 3 нафар барои манзили истиыоматц, 4 нафар барои таъмингаштан ба хобгоь   ариза пешниҳод намуданд. Дар баробари ин сокинони маркази вилоят бо масълаҳои таъмини ҷойи корӣ, пардохт кардани маблалащи таьсили донишгоь, расондани кӯмаки моддиву молияви ва ғайра муроҷиат намуданд. Яке аз муроҷиаткунандагон сокини шаьри Хужанд истиыоматкунандаи кӯчаи Аминжон Расулов, ки маъюби гуруьи 1 мебошад, ба раиси шаьри Хужанд Ражабой Аьмадзода барои дастгирӣ ва сари вақт баррасӣ гардидани муроҷиаташ миннатдории худро баён карда кайд кард,ки мақомоти  шаҳри Хуҷанд барои дар амал иҷро гаштани супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доири муроҷиати шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти мардум масъулияти баланд эҳсос мекунанд.
Дар анҷоми қабули шаҳрвандон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба муовинони худ ва мудирони шӯъбаи мақомот таъкид намуд, ки доири иҷроиши саривақтӣ ва қаноатбахши муроҷиати сокинон назорат баранд.