(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Роҳҳо ободи шаҳру дилҳои шоди мардум.

Имрӯз аз субҳ шодиву хурсандии сокинони кӯчаи Шарифа Раҷабоваи шаҳрро ҳадду канор набуд. Зеро, орзуи деринаашон ҷомаи амал мепӯшид. Кӯчаи онҳо ба дарозии 280 метр, ки фасли сармову рӯзҳои боронӣ роҳгардиро сахт мшкил мегардонд, бо дастгирии МИҲД шаҳр мумфарш мегардид.
Корҳои таъмиру мумфаршкуниро ҶДММ «Суғдроҳ» (роҳбараш Раҳим Шарифов) ба зимма гирифтааст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои «монда набошед» гуфтани роҳсозону аҳли кӯча омад. Зимни сӯҳбати гарму самимӣ роҳбари шаҳр ба сокинон аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои он кас нисбати ободу сарсабз гардони маҳалли зист ёдовар шуда гуфт, ки «бо дастури Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ имсол ҳам дар қаламрави шаҳр «Соли роҳҳои обод» идома меёбад.

Роҳҳо ободи шаҳру дилҳои шоди мардум. Зиёда аз 100 км роҳҳои дохили маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд мумфарш гардида, роҳои асосӣ низ давра ба давра пурра мумфарш карда мешаванд.
Дар ин радиф сокинони кӯча Абдуҷалил Тошматову Абдуқаҳҳор Маҳмудов, Ҳасанбой Тӯйчибоеву Толибҷон Ортиқов арзи сипоси худро ба Раиси шаҳр баён медоштанд:
-Ҳамин, ки боронгарӣ мешуд, ҳама ғами чӣ хел аз кӯча гузаштанро мехӯрд,-мегӯянд, онҳо,- раҳмат ба роҳбарияти шаҳрамон, ки имрӯз бо дастгирии онҳо ниҳоят мо аз азоб халос шудем. Аз ин баъд мо аҳли кӯча ин ободкориҳои шударо эҳтиёт мекунем.
Ногуфта намонад, ки то мумфаршкунии кӯча масъалаи таъмини сокинон бо оби нӯшокии тозаи сойи Хоҷабоқирғон низ ҳаллу фасл карда шудааст. Бошандагони кӯча аз ин ғамхории мақомоти  шаҳр низ изҳори сипосмандӣ мекарданд.
Дар сӯҳбати самимии Раиси шаҳру сокинони сершумори ин маҳалла сухан аз боби ба эътидол овардани нархи наво дар бозор низ рафт. МИҲД шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал ба монанди пиёзу картошка тадбирҳои муҳим андешидааст. Дирӯз аз минтақаҳои ҷануби кишвар ба бозори марказӣ 80 тонна пиёз аз ҳосили нав ворид карда шуд, ки ба пастравии нархи он мусоидат кард. 1 кило пиёз аз 3,5 сомонӣ то ба 1 сомонию 80 дирам паст рафтааст.
-Рӯзҳои наздик ба бозорҳои озуқавории қаламрави шаҳр боз ба миқдори зиёд картошкаву гӯшти чорво аз ноҳияи Шаҳристон ворид карда хоҳанд шуд,- гуфт Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода.
Дар қаламрави шаҳр корҳои ободкориву созадагӣ идома доранд.