(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд муҷассамаи хотираи қурбониёни садамаи Чернобил сохта мешавад.Ҳамсола тибқи қарордоди Созмони Миллали Муттаҳид санаи 26 апрел чун Рӯзи иштирокчиён ва поси хотири қурбониёни садамаи нерӯгоҳҳои атомӣ қайд карда мешавад.
Бо назардошти ин қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба тавсиб расидааст, ки тибқи он дар ин сана баргузории чанд чорабиниҳои гуногун аз қабили гиромидошти хотираи ҳалокшудагон дар садамаи Нерӯгоҳи Атомии Барқии Чернобил ва маҳфили иштирокдорони бартарафсозии ин фалокат ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон тибқи қарори номбурда, барои кӯмаки беҳдошти саломатӣ, пардохти кӯмаки яквақтина барои оилаҳои бесаробонмонда, арзандони маюби онҳо ва баргузории чорабинии иштирокчиёни ин садама аз буҷаи маҳаллӣ ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин бо ташаббуси Раҷаббой Аҳмадзода соли оянда бунёди муҷассамаи ёдгорӣ барои қурбониёни ин ҳодисаи мудҳиш дар яке аз мавзеҳои шаҳр пешбинӣ гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки аз шаҳри Хуҷанд 120 нафар барои бартараф намудани садамаи неругоҳи атомӣ ба шаҳри Чернобил сафарбар гардида, 32 нафари онҳо маюбӣ якумра ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин 16 оила бе саробон монда, то имрӯз 52 нафар аъзои Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и маркази вилоят ҳастанд.