(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Идомаи барномаи «Роҳҳои обод» дар шаҳри Хуҷанд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корҳои вобаста ба таъмири роҳ,мумфаршкунӣ ва омодагӣ барои аз таъмири ҷорӣ ва куллӣ баровардани   роҳҳои шаҳр  вусъати тоза мегирадРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози корҳои мумфаршкунии кӯчаи «30 солагии Ғалаба»-и маркази вилоят иштирок намуд. Лозим ба ёдоварист, ки наздики як километри кӯчаи номбурда пурра мумфарш шуда, аз самти кӯчаи «60 солагии Ғалаба» ба самти кӯчам «30 солагии Ғалаба» наздики якуним километр таъмири ҷорӣ хоҳад шуд.
Соли ҷорӣ таъмири кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд соли 2015 низ идома ёфта, давоми соли равон наздик 100 км роҳи кӯчаҳои марказӣ ва маҳаллаҳои шаҳр аз  таъмири пурра ва ҷорӣ бароварда мешаванд. То имрӯз ба ғайр аз кӯчаҳои зикргардида, назди бинои 162-и хиёбони ба номи  Исмоили Сомонӣ дар масохати 500 метри мураббаъ асфалтпӯш гардида, майдончаи варзишии назди бинои 83-и хиёбони мазкур бошад мумфарш ва шароит барои бозии кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Бештари корҳоро дар ин самт Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд бояд ба анҷом расонад. Роҳсозони маркази вилоят ҳамарӯза дар мавзеҳои шаҳр бо ҷалби мутахассисони роҳ ва воситаҳои техникӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд.