(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Адибони ваҳдатсаро» дар Боғи Камол.Маҳфили аввалини «Адибони ваҳдатсаро» дар соли равон, ки ҳамасола бо ибтикори Шӯрои вилояти Суғдии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор мегардад, машғулияти имсолаи худро аз маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хуҷанд оғоз кард.
Он дар Боғи фарҳанги Камол бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси шаҳри Хучанд  Умеда Муродова оғоз гардид. Мавсуф аҳамияти Ваҳдати миллиро дар таҳкими дӯстиву рафоқати мардуми кишвар, расидан ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ шарҳу эзоҳ дода, гуфт, ки баргузории Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар Хуҷанди бостон боиси ифтихору сарбаландиҳои сокинони шаҳраст, ки заминаи сулҳу Ваҳдатмаҳз дар шаҳри мо гузошта шуд. Муовини аввали раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракат, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, муаррихи варзида Абдуҷалил Бобокалонов аз таърихи расидан ба Ваҳдати миллӣ, саҳми фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар оштӣ ва таъмини сулҳу амният муфассал суханронӣ намуд.
Баъдан чандно номераҳои консертӣ аз ҷониби аҳли ҳунари шаҳр дар Боғ мутантан садо дод ва табъи ҳамагонро болида сохт. Адибон Муҳаммад Субҳон ва Неъмат Оташ бошад, аз эҷодиёти хеш пораҳо қироат карданд, ки саросар Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилии мардуми ҷумҳурро тараннум мекард.
Маҳфили «Адибони Ваҳдатбсаро»-ро садҳо сокинону меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд тамошо карданд ва таассуроти нек бардоштанд.