(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

Раиси шаҳр ҳамроҳи муроҷиаткунандагон дархостро баррасӣ намуд.Баробари муқаррар намудани рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони маркази вилоят пайваста барои саҳм гирифтан дар корҳои ободонии кӯчаю маҳаллаҳои худ бо пешниҳод ба унвони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат менамоянд.
Бо ин мақсад сокинони биноҳои № 83 ва №85 бо аризаи дархостӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд   санаи 08 апрели соли равон муроҷиат намуданд.
Дар аризае,ки 16 нафар бошандагони биноҳои номбурдаи хиёбони И. Сомонӣ имзо мондаанд, пешниҳоди дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр асфалтпӯш  намудани саҳни ҳавлӣ ва кӯчаи роҳгузари ин биноҳо Ҳамчунин бунёди майдончаи варзишӣ барои бозии валейбол зикр гардида буд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи масъулин ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои мулоқот ва шиносоии бо вазъу имконияти иҷроиши пешниҳоди сокинон ба назди шахсони муроҷиатнамуда омад.
Баъди баррасӣ ва муҳокимаи пешниҳод дар якҷоягӣ бо сокинони маҳалла мувофиқа гардид, ки корҳои мумфаршкунӣ ва бунёди майдончаи варзишӣ дар якҷоягӣ бо иштироку саҳми истиқоматкунандагони ин биноҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд барои гулкорӣ ва сабзпӯш намудани майдончаҳои назди биноҳои мазкур сипосмандӣ намуда аз сокинон даъват намуд, ки барои боз ҳам обод гардондани маҳалли зисти худ бештар фаъол бошанд.