(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр ба манзили ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда рафт.Бо мақсади беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иҷроиши саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод,ки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳо, аъзоёни комиссияи даъват бо волидайни ҷавонписароне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд шахсан мулоқот намоянд.
Нимаи аввали имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили се оила рафт, ки фарзандони онҳо аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд.
Даъватшаванда А. Ҳомидов, А. Фозилов ва Н. Қодиров аз адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, бе сабаб ба комиссия даъват ҳозир намешаванд. Агарчанде ба онҳо намояндагони комиссариати ҳарбӣ то оғози мавсими даъвати имсола даъватномаҳоро супорида огоҳ гардида буданд. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми мулоқот бо падару модари ин даъватшавандаҳо, доири  ҷавобгарии фарзандони онҳо дар назди қонун, масъулияти волидайн барои тарбияи сазовори фарзандони худ ёдовар шуд.
«Имрӯз бо ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ тамоми шароитҳои фароҳам оварда шуда, баҳри хизмату обутобёбии сарбозон эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Барои хавотирии Шумо волидайн ва ташвиши даъватшавандаҳо ягон асос ваз амина нест. Ҳар як шаҳрванди синни даъватӣ бояд хизмати ҳарбиро сари вақт бояд бо ҷо орад. Ҳоло,ки вақт ҳаст бояд худи даъватшавандаҳо ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, ба хизмати ҳарбӣ раванд. Дар ҳолати дигар нисбати онҳо чораҳои қонунӣ дида мешавад »- таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳамзамон аз ҷониби Раҷаббой Ахмадзода ба раисони кумитаҳои маҳаллаҳо супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо комиссияи даъват ҳамарӯза дар мадди аввал гузошта, корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ ва худи ҷавонони синни даъватӣ бештар намоянд.