(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд озмуни оилаи беҳтарин доир мегардад.Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти беҳтарин оилаҳо, тарғибу ташвиқи оилаҳои солим, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бо назардошти эълон гардидани «Соли 2015-соли Оила» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бобати давоми соли 2015 дар қаламрави шаҳр байни оилаҳо гузаронидани озмуни «Дарёи муҳаббат» қарори дахлдорро ба имзо расонд.
Дар ҳамин асос Шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва оид ба дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва тарщиботию ташвиқотии Озмуни «Дарёи муҳаббат» тадбирҳои зарурӣ андешида, низомнома, ҳайати комиссия ва ҳайати кумитаи тадорукотиро тасдиқ намоянд.