(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили Наврӯз ва хатнатӯйи фарзандони кормандони Шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд.

Дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои наврӯзӣ идома доранд.
Ҷиҳати дастгирӣ ва иҷроиши дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кӯмаку дастгирии оилаҳои камбизоат аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни шаҳри Хуҷанд идома дорад.Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри Хуҷанд идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки баробари таҷлили Иди Наврӯз хатнатӯйии 13 нафар кӯдаконро аз оилаҳои эҳтиёҷманд баргузор намояд.
Лозим ба ёдоварист,ки  байни ин 13 нафар, 11 нафар фарзандони кормандони идораи шабакаҳои барқ буда 2 нафар аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Хуҷанд мебошанд.
Ба ин муносибат роҳбарияту ҳайати кормандон дар тарабхонаи «Истироҳат» ҷамъ омада ҳамроҳи волидайн ва пайвандони ин кӯдакон чорабинии хайрро пуршукӯҳ баргузор намуданд. Сардори идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Набиҷон Иброҳимзода ҳозиронро бо наврӯз ва тӯйи суннатиашон табрик гуфта, ба кӯдакон дучархаи кӯдакона, тӯҳфаҳои хотиравӣ, либосу дигар лавозимоти кӯдакона тақдим намуд.