(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули анъанавии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Қабули шаҳрвандон тариқи «Равзанаи ягона» сурат гирифта, дар он ҳамчунин муовинони раиси шаҳр мудирони шӯъба ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ширкат намуданд.
Аз теъдоди умумии муроҷиаткунандагон 29 нафар барои беҳтар намудани шароити зисти манзил ва ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 12 нафар барои дастрас намудани масолеҳи сохтмон дархост намуданд. Дар баробари ин сокинони маркази вилоят бо масълаҳои таъмини ҷойи корӣ, ҷойгир намудани фарзандони худ дар боғчаи кӯдакона, расондани кӯмаки моддӣ, ҳалли баҳси манзил, таъмини нафақаи корношоямӣ ва ғайра муроҷиат намуданд. Шумораи умумии сокинони ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намуда ба 71 нафар расид.
Дар анҷоми қабули шаҳрвандон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба муовинони худ ва мудирони шӯъбаи мақомот таъкид намуд, ки доири иҷроиши саривақтӣ ва қаноатбахши муроҷиати сокинон назорат баранд.