(3 овоз, миёна 4.67 аз 5)

Кушодашавии маркази тиббии муосир бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд боз як Маркази ташхисии муолиҷавии муосир бо номи «Тибби Аҷам» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар маросими кушодашавии он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Баъди буридани лентаи рамзӣ Раиси шаҳри Хуҷанд аз ин марказ дидан намуда бо фаъолияти табибон шароити корӣ ва сифати хизматрасонӣ ошно гардид.
Ҳангоми шиносоӣ Раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки имрӯз имкониятҳои кормандони соҳаи тиб ва шароитҳои мавҷуда барои амалӣ намудани дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати баланд бардоштани сатҳу сифати муолиҷа ва хизматрасонии тиббӣ дар кишвар ва ҳамзамон мавҷудияти муолиҷаю ташхиси ҷавобгӯи тамоми талаботҳои ташхсии муосир дар Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам омадааст. «Ман эътимод дорам, ки фаъолияти чунин марказҳои тиббӣ барои амалӣ гаштани супоришу нишондодҳои Раиси вилояти Суғд мӯхтарам Абдураҳмон Қодирӣ мусоидат хоҳад кард»-афзуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Дар марказ 5 дастгоҳҳои ташхисии рақамии ультрасадо, ренген ва ғайра аз кишварҳои Амрико, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон насб карда шуданд. Лозим ба қайд аст,ки ин намуди таҷҳизоти тиббии рақамӣ дар вилоят нахустин буда, он аз ҷониби мутахассисони ҷавони баландихтиссос корбарӣ карда мешавад.
Дар Маркази ташхисии муолиҷавии «Тибби Аҷам» баробари ташхис ва 15 намуди муолиҷаи физеотерапевтӣ ҳамчунин беморони касалиҳои дарунӣ ва асаб муолиҷаи шабонарӯзӣ гирифта, барои ин 48 кати бемор бо тамоми шароитҳои муосир барои қабули эҳтиёҷмандон омода карда шудааст.
Барои бунёди ин марказ аз ҷониби Ширкати «Чор додарон» зиёда аз як миллион сомонӣ маблағ сарф карда шуда, муассисони ин табабатгоҳ Ёқубҷон ва Гуломҷон Ғаниевҳо мебошанд. Марказ дорои тамоми имконияти ташхисӣ буда, дорои ошхонаи худ низ мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд баъди шиносоӣ бо ин марказ барои бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ изҳори сипосмандӣ намуда, ба табибон ва кормандони он даъват намуд, ки ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, шахсони танҳо, собиқадорони меҳнат, иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷӯҳ намуда барои онҳо имконият фароҳам оварда шавад.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, ки давоми ду рӯзи аввали фаъолият маркази номбурда барои кулли мизоҷон хизматрасонии бепулро ба роҳ хохад монд.