(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ифтитоҳи чойхонаи «Адибон»

Дар шафати Қасри «Маркази ҷавонон» баъди азнавсозиҳо як қатор иншоотҳои иҷтимоӣ ба фаъолият оғоз карданд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баъди иштирок дар маросими кушодшавии Лавҳаи фахрии «Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд» ба ин мавзеъ омада, дар ифтитоҳи «Чойхонаи адибон» иштирок намуданд.
Роҳбарияти шаҳру вилоятро аҳли адаби вилоят гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Дар чойхонаи навбунёд сари дастурхони идона мулоқоти гарми Абдураҳмон Қодирӣ бо адибону шоирон баргузор гардид.
Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, муаллифи китоби «Фарҳанги ашъори Камол» шоир Абдуҷаббори Сурӯш роҳбарияти вилояту шаҳрро хайрамақдам гуфта, аз таҷлили Наврӯзи Аҷам ва иқдоми неки Раиси вилоят ҷиҳати бунёди Боғи адибони Камол ёдовар шуда, ба Абдураҳмон Қодирӣ барои ин гуна ғамхорӣ дар ҳаққи адибон арзи сипос намуданд. Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ва ҳофизони шинохтаи маркази вилоят бо суруду таронаҳои дилангез мулоқотро шукӯҳу шаҳомати тоза бахшиданд.
Ҳамзамон дар ин ҷо хатнатӯии 10 писарбачагони оилаҳои камбизоати шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд. Ба ҷузъ дастурхони идона барои тифлакону пайвандонашон, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар охир Шоира Фарзона дастгириву пуштибонии роҳбари давлат нисбати адабиёт ва аҳли қалам ёдовар шуд ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исҳори сипосмандии аҳли адибонро иброз дошт.