(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар Иди Наврӯз 2 ҳазор нафар аёдат карда шуданд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз аз ҷониби сохторҳои давлати ва макомоти маҳаллӣ, дар шаҳри Хуҷанд ду ҳазор нафар аёдат карда шуданд.
Рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам дар 6 муассисаҳои иҷтимоии маркази вилоят дастурхони идона ороста шуда, ба 24 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва зиёда аз 100 нафар собиқадорони меҳнат кӯмаки яквақтаина иборат аз маводи хӯрока расонда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд ба 700 нафар шахсони эҳтиёҷманд, ки дар рӯйхати камбизоат номнавис шудаанд чунин кӯмак иборат аз орду равған, биринҷу макарон ва гӯшту, шакар дастрас карда шуд. Дар қисмҳои низомии дар шаҳри Хучанд қарор дошта бошад, барои хубу хотирон гузаштани Иди Наврӯз дастурхони идона ороста шуда, барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангии идона мусоидат карда шуд.