(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Консерти устодони санъат дар Боғи Камоли Хуҷандӣ.Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди азнавсои дар рузҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам бо иштироки сарвари давлат ифтитоҳ гардид, ба макони фароғати мардум табдил ёфтааст.
Дар рӯзи дуюми ба фаъолият шурӯъ намудани ин макони фарҳангӣ барои иштирокдорон ва меҳмонони чорабиниҳои наврӯзӣ консерти устодони санъат баргузор гардид.
Дар консерти ройгон, ки беш аз якуним ҳазор нафар сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд, ҳунармандони маъруфи кишвар Ҷӯрабек Набиев, Ҷурабек Муродов, Афзалшо Шодиев, Исроил Файзиддинов ва чанде дигар аз санъаткорони номӣ бо суруду таронаҳои худ таъби иштирокдорони танатанҳои наврӯзиро болида гардониданд.