(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altЗиёиёни гиромии шаҳри Хуҷанд!
Бо баробари фаро расидани фасли зебои баҳор ва рузҳои таҷлили Наврӯзӣ Аҷам, аҳли илму адаб, олимону маърифатпарварон рӯзи зиёиёнро қайд менамоянд. Боиси тазаккур аст, ки зиёиёни даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон анъанаву суннатҳои ниёгони шарафмандамонро дар роҳи баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати мардум, тавсеаи худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва умуман пешрафти миллат ва таҳкими давлатдории миллӣ ба таври шоиста идома медиҳанд.
Ҳангоми вохӯрии имсолаи худ бо зиёиёни кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Қадрдонӣ ва эҳтироми шоистаи зиёиён нишонаи мақому манзалати волои онҳо дар ҳаёти ҷомеаи мо буда, аз фаъолияти пурсамари онҳо дар роҳи пешрафти кишвари маҳбубамон сарчашма мегирад. Гузашта аз ин, зиёиён ҳамеша ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа соҳиби маҳбубияти хос мебошанд.»
Дар ҳамин замина дастгирии ҳамҷонибаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои боло бурдани маънавиёту маърифати сокинон шоёни қайд аст.
Мусаллам аст, ки зиёиён нерӯи бунёдкори ҷомеа буда  барои дарки мақсадҳои миллӣ ва давлатдорӣ, мардумро ба шоҳроҳи бузург ва созанда ҳидоят менамоянд. Бинобар он дар нахустин марҳалаҳои истиқлолият давлату ҳукумат ба нерӯҳои ақлонии мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ аз фикру андеша, хулосаҳои асосноки илмӣ ва донишу малакаи онҳо самаранок истифода менамояд. Бинобар он мо имрӯз ҳам эътимоди қавӣ дорем, ки дарку тарғиб ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ муҳимтарин рисолати иҷтимоии зиёӣ дар марҳалаи рушди устувори Тоҷикистон ба шумор рафта, мавқеи маънавию шаҳрвандии зиёӣ, дар навбати аввал, аз муаррифии арзишҳои миллӣ ва ҳадафҳои ояндасози давлатӣ иборат мебошад. Мардуми мо дар симои зиёӣ нафареро мебинад, ки бо тамоми ҳастӣ рисолат ва масъулияти хешро дар назди миллат ва гузаштаву имрӯзаву фардои он дарк менамояд.
Манн аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи Шумо зиёиёни мӯҳтарамро бо ин санаи нек табрик менамоям.
Умед дорам, ки Шумо садоқати худро барои иҷрои рисолати худ,-пойдории покии виҷдону номуси миллат кӯшиш намуда, ҳамеша дардошнои ҷомеа ва чашми бедори миллат хоҳед буд.

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Раҷаббой Аҳмадзода