(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр дар таҷлили наврӯзи маҳаллаҳо.Дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои наврӯзӣ идома дорад.
Бегоҳи гузашта Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар тантанаҳои наврӯзии маҳаллаҳои «Чорчароғ» ва «Масҷиди савр» иштирок намуд.
Дар маҳаллаи «Чорчароғ» сокинону бошандагони маҳалла аз субҳи барвақт барои таҷлили Наврӯз омодагии ҳамаҷониба диданд.
Бо иштироки муҳассилини мактабҳои № 17 ва №20 компазитсяи адабӣ-мусиқии наврӯзӣ омода карда шуда, байни дастаҳои ин ду мактаб озмун  барои сазовор гаштани номи “Дастаи беҳтарини наврӯзӣ” доир гашт. Иштирокдорони барнома дар васфи баҳору наврӯз шеъру дубайтиҳои хонда, аз ҷониби онҳо барои ҳозирон бозию ҳунарҳои миллии “Кокулбофӣ”, “Ҳаппак”, “Ошуқбозӣ”, “Лаппар”, “Лалакпарронӣ”, даврабози, иҷрои сурудҳои маросимии “Нақшхонӣ” оростани дастархони наврузии беҳтарин намоиш дода шуд. Раиси шаҳр дар таҷлили наврӯзи маҳаллаҳо.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинону меҳмонони ин иди пуршукӯҳро дар маҳаллаҳои номбурда бо фарорасии Наврӯзи Аҷам табрик намуда,зикр кард, ки баҳору наврӯзи имсола нисбат ба солҳои пешин боз ҳам пуршукӯҳтару пурфайзтар таҷлил мегардад. Зеро сиёсати ободкорони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараю натиҷаҳои худро медиҳад.
“Он дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби сарвари давлат ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дода мешавад, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Хуҷанд чун маркази таърих, тамаддун ва яке аз вилоятҳои кишварамон заминаи устувор мегузорад.”
Ба иштирокчиёни чорабинӣ, ки маҳорати баланд нишон доданд, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд тӯҳфаҳои хотиравии наврӯзӣ супорида шуд.
Ҳамзамон дар таҷлили Наврӯзи маҳаллаи “Чорчароғ” Кумитаи иҷрояии ҳизби халқӣ демократии шаҳри Хуҷанд барои хубу хотирмон гузаштани он иштироки фаъолона намуданд. Барои 20 нафар аъзоёни фаъоли ҳизб тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.