(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Наврӯзи фархундапай қадами мубораки худро бо тулӯи аввалин нурҳои офтоби саҳарӣ бо паёмадҳои тоза ба тоза ба кишвари хуршедиамон, ба хонадони ҳар як ҳамватани мо мениҳад.
Боиси тазаккур аст, ки чанд соли охир бо кӯшишу эҳтимоми сарвари давлатамон, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми Иди ҷаҳонӣ гирифт.
Имрӯзҳо маҳз бо кушиши Раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ мардуми шарафманди мо корҳои ободию созандагиро идома медиҳанд, ки баҳри пешрафту боло рафтани сатҳи зиндагии мардум заминаи устувор мегузорад. Чун ба ҳазорсолаҳо аз масири таърих назар меафканем, идроки амиқ, дилу ният ва тафаккури пок, ҷаҳонбинии фарох, тамаддуни волои ниёгонамон ба хубӣ эҳсос мешавад. Дарк мекунем, ки Наврӯз эҷоди табиату тафаккури халқест ва миллатест, ки тӯли ҳазорон сол ба тоҷикию форсӣ ҳарф мезанад. Наврӯз исму моли тоҷик аст! Зеро ин рӯзу ин идро дар тамоми курраи арз бо лафзи шевои тоҷикӣ ном мебаранд Ин мояи ифтихор аст барои ҳар фарди худогоҳу хештаншиноси тоҷик!
Қайд кардан ҷоиз аст, ки Наврӯз хусусияти ба ҳам овардани мардум, устувор гардонидани пояи ваҳдату ҳамдилии халқҳоро низ дорост.
Наврӯз на фақат ид, балки чизе болотар аз ҳама идҳост. Бо Наврӯз руҳи мо то ба имрӯз монд ва Наврӯз рамзи ҳастии мо гашт.
Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанҳои марказии наврӯзии имсола дар шаҳри ҳамешаҷавони мо,-Хуҷанди бостонӣ барпо мегардад. Тамоми мардуми маркази вилоят чун кулли тоҷикистониён бо руҳи болида ба қабули меҳмонони олиқадр, ҳамватанони азизамон аз минтақаҳои дигари кишвар, дӯстони хориҷиамон  омода ҳастанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр боварии комил дорад, ки ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки фаъолонаи Шумо ҳамшаҳриёни азиз, дар сатҳи баланди худшиносию хештаншиносӣ таҷлил мегардад.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек тамоми мардумро бо омад-омади баҳори нозанин ва Наврӯзи Аҷам сидқан муборакбод гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодати рӯзгор ва дастурхони пур аз нозу неъматро таманно дорам.
Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!