(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр сифати корҳои сохтмонии бозорҳои осебдидаро талаб намуд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва азнавбарқароркунӣ ба марказҳои савдои аз сӯхтор осебдида омад.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд маълумот дода шуд,ки имрӯз дар сохтмони нуқтаҳои савдо  пойдевори асосӣ бардошта шуда, шурӯъ аз таҳкурсии ин нуқтаҳо бо риояи қатъии талаботи меъморӣ корҳо бунёд мегарданд. Бо максади пешгирӣ намудани ҳолатҳои сӯхтор ва иҷро намудани талаботи зиддисӯхторӣ дар сохтмону азнавсозии марказхои  савдо танҳо аз маслоҳеи сохтмонии оҳану бетонӣ,хишти ба оташтобовар истифода мешаванд. Ҳамчунин миқдори нуқтаҳои обтаъминкунии зидди сӯхтор (гидранти обӣ) зиёдкарда шуда, дар ҳар як 20 метр чунин нуқтаҳо насб карда шуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд,ки  бо истифода аз хавои нисбатан мусоид теъдоди сохтмончиён зиёд карда шуда, дар санаи пешбинишуда,-1 феврали соли 2015 бояд марказҳои савдо мавриди истифрда ва хизматрасонӣ қарор гиранд.
Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд,ки тамоми корҳои сохтмонӣ бояд тибқи талаботи меъморӣ ва сохтмонӣ ба анҷом расонда шаванд.
Дар мавриди таъмини фарзандони соҳибкорони зарардида муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова иттилоъ дод,ки то имрӯз 102 нафар чунин соҳибкорон барои мувақкатан озод намудани фарзандони онҳо аз пардохти маблағҳои таълимӣ ва тарбиявӣ муроҷиат намуданд, ки дархости ҳамаи онҳо қонеъ карда шуд. Дар баробари ин ба муассисаҳои тиббӣ зиёда аз 10 нафар осебдидагон барои барқарор намудани саломатиашон муроҷиат намуданд,ки ба онҳо низ кӯмаки тиббии саривақтии ройгон расонда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод,ки ҳар даҳ рӯз ситоди шаҳрӣ доири барқарор намудани марказҳои савдои аз сӯхтор зарардида бояд кори худро натиҷагирӣ намуда, барои дар доираи нақша иҷро намудани корҳои пешбинишуда чораҳои амалӣ андешанд.
Лозим ба ёдоврист,ки баробари фаъолияти дубораи марказҳои савдо наздик, 200 нафар соҳибкорон ҷойи кории худро барқарор хоҳанд кард.