(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сӯзишвории ройгон ба оилаҳои ниёзманд.Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсони бесарпаноҳмонда, камбизоат ва ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷӯҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қарор доранд. Бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба 36 оилаҳои камбизоату бесарпаноҳмонда ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ангиштсанг харидорӣ карда шуда, ройгон тақсим гардид.
Масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дар ҳамроҳӣ бо роҳбарияти кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр давоми ҳафта ба манзили ин оилаҳо сӯзишвориро дастрас намуданд.
То имрӯз бо назардошти талаботи оилаҳои мазкур дар мавсими сардӣ зиёда аз 10 тонна ангишт тақсим карда шудааст. Руйхати оилахои ниёзманд барои чунин кӯмак қаблан омода карда шуда таъмини сӯзишвории ин табақаи эҳтиёчманди шаҳрро дар фасли сардӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пурра ба зима гирифтааст.