(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Сафари бехатару роҳи сафед насибатон бод!

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кормандон ва собиқадорони соҳаи нақлиёти автомобилиро ба муносибати Рўзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ муборакбод намуда, тансиҳатӣ, табъи болидаю рўзгори обод ва дар фаъолияти минбаъда ба хотири рушду пешрафти соҳа комёбиҳои назаррасро таманно менамоям.

Дар байни халқи мо бунёди роҳ ва осон намудани мушкилоти одамон яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, сохтмону азнавсозӣ ва таҷдиди роҳҳои кишвар бо мақсади аз бунбасти нақлиётӣ раҳо додани Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат амалӣ карда мешавад. Зеро роҳ ҷузъи ҷудоинопазири ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва унсури муҳими таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб рафта, барои баромадан ба кишварҳои олам имконият фароҳам месозад. Дар навбати худ мавҷудияти роҳи муосиру муҷаҳҳаз омили асосии рушди иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинони кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ин раванд, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар мутобиқ гардонидани роҳ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингард мебошад.

Маълум аст, ки ронандагӣ шуѓли дўстдоштаи ҳар нафар маҳсуб ёфта, баробари иҷрои касбу кори мухталиф, инчунин ин ҳунар касби дуюми аксари сокинон ба ҳисоб меравад.

Соҳиби чунин касб шудан аз инсон масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ахлоқиро талаб мекунад. Яъне, идора намудани нақлиёт маънои бо қоида ва тартиботи муқарраршуда пурра шинос будан ва риояи ҳатмии онро дорад. Зеро солҳои охир бо сабаби афзоиши бемайлони шумораи воситаҳои нақлиёт ҳолатҳои зиёди садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки як сабаби он дар сатҳи нокифоя омода шудани ронандагон дар муассисаҳои таълимии нақлиётӣ мебошад.

Бояд дар барномаҳои таълимии муассисаҳои мазкур баробари нозукиҳои касби ронандагӣ устодону коршиносон ба тарбияи ахлоқии ронандагон, аз ҷумла муносибат бо атрофиён ва пиёдагардону ноболиѓон эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Вобаста ба ин, итминон дорам, ки тамоми алоқамандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро карда, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам беҳтар намуда, дар тараққиёти минбаъдаи соҳа ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Иди касбӣ муборак, кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ!