(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt30 апрел бахшида ба Иди саиди Фитр дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Дар ярмарка кишоварзон ва корхонаҳои саноатии вилоят маҳсулоти гуногун, аз қабили орд, гӯшт, равған, картошка, биринҷ, сабзӣ, гӯшти мурғ, тухм, макарон ва дигар маводи ғизоиро бо нархҳои нисбати бозор арзонтар пешниҳод менамоянд.

Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд